Ба гузориши хабарии Абна, Муҳаммадбоқир Галибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, дар паёме ба муносибати дуюмин солгарди шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ, ӯро ҳамчун стратег ва фармондеҳи майдони муқовимат ёд кард ва навишт: Шаҳид Насруллоҳ муқовиматpo аз як ҳаракати ҷангӣ ба «доктринаи боздоранда» табдил дод. Матни паём ба шарҳи зерин аст:
«Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим»
Дуюмин солгарди шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳи азиз (Раҳматуллоҳи таъолӣ алайҳ) фурсатест барои ёдоварӣ аз ном ва роҳ ва корномаи касе, ки муқовиматро аз як ҳаракати бесистем ва гурӯҳи ҷангӣ ба «доктринаи боздоранда» табдил дод. Шаҳид Насруллоҳ дар назари мо танҳо як роҳбари сиёсӣ-динӣ набуд; ӯ як стратег ва фармондеҳи майдон ва ҷиҳодӣ буд, ки бо дарки дақиқи геополитикаи минтақа, Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба нуқтае расонд, ки муодилаҳои амнияти режими сионистӣ комилан алайҳи ин режим тағйир ёфт.
Сайид Ҳасан Насруллоҳ аз фармондеҳоне буд, ки байни майдон ва мардум, имон ва сиёсат ва ормон ва амал пайванди ногусастанӣ барқарор кард ва «майдон»-ро ба абзори таъмини амнияти устувор табдил дод. Дар назари ӯ, Лубнон, Эрон, Фаластин ва дигар майдонҳои муқовимат ҷузъҳои ҷудо аз якдигар набуданд; балки ҳар яке бахше аз як масъулияти таърихӣ дар баробари ишғол ва таҷовуз ба шумор мерафтанд. Аз ҳамин рӯ, номи ӯ дар ҳофизаи муқовимат танҳо бо масъулияти дабири кулли Ҳизбуллоҳ гиреҳ нахӯрдааст; балки бо солҳои истодагарӣ, тадбир ва вафодорӣ ба аҳде шинохта мешавад, ки то пои ҷон бар ин аҳд боқӣ монд.
Душман тасаввур мекард бо ҳазфи фармондеҳ, муқовимат қатъ мешавад; аммо ғофил буд аз он ки шаҳид Насруллоҳ сохтореро бунёд гузоштааст, ки ба фард такя намекунад, балки як сохтори муташаккил ва бо субот аст, ки имрӯз низ бо қудрат боздорандагии худро нигоҳ доштааст.
Он чи аз шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ боқӣ мондааст, як ном ва хотира нест; сармояи инсонӣ ва фикрист, ки дар таҷрибаи наслҳои муқовимат, дар имони муҷоҳидон ва дар иродаи миллатҳое, ки иззат ва озодиро талаб мекунанд, идома ёфтааст.
Ман, дар ҳоле ки дуюмин солгарди шаҳодати Сайиди шаҳидони муқовимат, Сайид Ҳасан Насруллоҳро гиромӣ медонам, ёд ва номи ин муҷоҳиди бузургро дар канори ҳамаи шаҳидони ҷабҳаи муқовимат, бахусус Имоми шаҳиди мо, гиромӣ медорам ва аз даргоҳи Худованди Мутаъол, улувви дараҷот ва ризвони илоҳӣро барои он шаҳиди азиз ва иззат, иқтидор ва сарбаландиро барои мардуми шарифи Лубнон, размандагони муқовимат ва ҳамаи миллатҳои озода ва муқовимат хоҳонам.
Your Comment