Ба гузориши хабарии Абна ба нақл аз шабакаи Ал-Ҷазира, Фармондеҳии марказии артиши террористии Амрико (СЕНТКОМ) имрӯз душанбе бо нашри паёме иддао кард, ки то ҳол масири 110 киштии тиҷоратиро дар чорчӯбаи нақшаи такмили муҳосираи баҳрии Эрон тағйир додааст.
Ин ниҳоди террористӣ дар идомаи иддаои худ дар ростои тақвияти рӯҳияи низомиёни худ дар муқобили нерӯҳои дифоии Эрон иддао кард: то имрӯз, мо масири 110 киштии тиҷоратиро тағйир додаем, то риояи қавонини марбут ба муҳосираи Эронро таъмин кунем!
Ниҳоди террористии мазкур пештар низ иддаоҳои мушобеҳеро пешниҳод карда буд.
Your Comment