Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Масира, дар баёнияи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, ки аз ҷониби Яҳё Сарӣ, сухангӯи ин нерӯҳо хонда шуд, аз анҷоми ду амалиёти низомӣ хабар дода шуд: яке алайҳи ширкати Арамко дар Янбу бо даҳҳо мушакҳои баллистӣ ва паҳподҳо ва дигаре пойгоҳи ҳавоии Хамис Мушайт бо чанд мушакҳои баллистӣ.
Дар ин баёния омадааст: душмани ҷинояткори саудӣ 12 сол аст, ки ҳамлаи золимона ва муҳосираи ваҳшиёнаи худро алайҳи кишвар ва мардуми мо идома медиҳад. Ин ҳафта ӯ доираи ҳамлаҳои худро шадидтар кард ва беш аз 450 ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи Яман анҷом дод.
Яҳё Сарӣ баён кард: дар посух ба ин таҷовузи ваҳшиёна алайҳи кишвар ва мардуми мо, нерӯҳои мусаллаҳи Яман, бо ёрии Худованд, ду амалиёти муҳими низомӣ анҷом доданд;
Амалиёти аввал таъсисоти Арамко дар Янбуро бо даҳҳо мушакҳои баллистӣ ва паҳподҳо ҳадаф қарор дод. Ба лутфи Худованд, ин ҳамлаҳо дақиқ ва мустақим буданд ва боиси оташсӯзиҳои бузург ва харобиҳои васеъ шуданд.
Дар амалиёти дуюм, пойгоҳи ҳавоии Хамис Мушайт бо чанд мушакҳои баллистӣ ҳадаф қарор гирифт ва ба лутфи Худо, ин ҳамла дақиқ буд.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард: нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба ҳимояи кишвар ва мардуми мо идома хоҳанд дод ва бо ёрии Худованди Азза ва Ҷалл ва бо таваккул ба Ӯ ба душмани ҷинояткори саудӣ дарсҳои фаромӯшнашаванда хоҳанд дод.
Вай баён кард: мо амалиёти низомии худро дар амиқи хоки Арабистони Саудӣ идома хоҳем дод, марказҳои ҷамъшавии маздурони саудиро ҳадаф қарор хоҳем дод ва муодилаи «муҳосира дар муқобили муҳосира ва шадидшавӣ дар муқобили шадидшавӣ»-ро то замоне, ки таҷовуз қатъ шавад ва муҳосираи кишвари азизамон лағв гардад, тасбит хоҳем кард.
Your Comment