Ба гузориши хабаргузории АБНА бо истинод ба Рейтер, таҷҳизоти кӯҳна ва дасти дуюми нафтии амрикоӣ, ки дигар аз ҷониби ширкатҳои нафтии ин кишвар истифода намешаванд, ба Венесуэла интиқол дода мешаванд; амале, ки ҳамзамон бо кӯшиш барои аз нав барқарор кардани саноати нафти ин кишвар ва албатта ғорати захираҳои нафтии он аз ҷониби Амрико сурат мегирад.
Ширкатҳои нафтӣ дар Амрико таҷҳизоти нафтии дасти дуюм ва изофии худро ба Венесуэла интиқол медиҳанд; кишваре, ки пас аз солҳои таҳрим ва коҳиши сармоягузорӣ ба сабаби сиёсатҳои Амрико алайҳи ин кишвар барои эҳёи саноати нафти худ ба таҷҳизот ва сармояи хориҷӣ ниёз дорад.
Дар ҳоли ҳозир баъзе таҷҳизоти нафтии амрикоӣ, ки пештар беистифода ё изофӣ ҳисобида мешуданд, ҳоло дар Венесуэла мақсади нав ёфтаанд. Ин таҷҳизот барои таъмир ва аз нав барқарор кардани инфрасохтори нафтӣ ва афзоиши истеҳсоли нафти ин кишвар истифода хоҳанд шуд.
Ин таҳаввул дар ҳоле рух медиҳад, ки Вашингтон зоҳиран пас аз рабудани Николас Мадуро, раисиҷумҳури ин кишвар аз равияи фишори ҳадди аксар ва таҳримҳои васеъ алайҳи саноати нафти Венесуэла дур шуда ва ба сӯи он чи дастгирии аз нав барқароркунии бахши энергетикии ин кишвар меномад, ҳаракат кардааст.
Чанде пеш Трамп иддао кард, ки Амрико бо Венесуэла ба созишное расидааст, ки «бузургтарин қарордоди нафтӣ дар таърихи ҷаҳон» ҳисобида мешавад ва ин созишнома бо фармони ӯ ва бо ҳамкории Марко Рубио, вазири хориҷии Амрико, ва Пит Ҳегсет, вазири ҷанг, инчунин Делси Родригес, раисиҷумҳури муваққатии Венесуэла ва тавассути шарикат бо ширкатҳои хусусӣ ба даст омадааст.
Раисиҷумҳури Амрико, ки ба сабаби афзоиши хароҷоти зиндагии амрикоиҳо дар пайи таҷовузҳои беасос алайҳи Эрон таҳти фишор қарор дорад, иддао кард: Амрико дар чорчӯби ин созишнома, бидуни таҳмили хароҷот ба андозсупорандагони амрикоӣ, назорати беш аз 65 миллиард барел захираҳои исботшудаи нафти Венесуэларо ба даст овардааст.
Трамп, ки дар остонаи интихоботи миёнамуҳлати Амрико бо афзоиши нархи нафт ва бензин таҳти фишори Конгресс ва афкори умум қарор дорад, иддао кард, ки ин созишнома захираҳои нафтии Амрикоро беш аз ду баробар зиёд мекунад, таъминоти нафти ин кишварро ба таври назаррас афзоиш медиҳад ва дар дарозмуддат боиси коҳиши чашмраси нархи бензин барои амрикоиҳо хоҳад шуд.
Your Comment