Ба гузориши хабаргузории Абна, сомонаи шабакаи Ал-Ҷазира хабар дод, ки дар ҳоле ки иқтисоди кишварҳои гуногун аз буҳронҳои ноши аз шиддат дар минтақа ва халалдоршавии занҷири интиқоли энергия ранҷ мебаранд, иқтисоди Амрико низ бо афзоиши бесобиқаи нархи сӯзишворӣ рӯ ба рӯ аст. Ин кишвар ҳамчун бузургтарин истеҳсолкунандаи нафти хом дар ҷаҳон, аз тобистони соли 2022 то кунун шоҳиди афзоиши бесобиқаи нархи бензин буд. Бо вуҷуди кӯшишҳои ҳукумати Амрико барои коҳиш додани ин мавҷ, нархҳо то ҳол дар ҳоли афзоиш аст ва ин раванд ба миёнгини таварруми дохилӣ таъсири манфӣ мегузорад.
Мувофиқи ин гузориш, шароити кунунӣ дар канори афзоиши нархи дигар молҳо ба ҳукумати Трамп фишор оварда ва имконоти онро барои васеъ кардани домнаи ҷанг ва васеъ кардани банки ҳадафҳо аз ҷумла таъсисоти энергияи Эрон маҳдуд мекунад.
Дар моҳҳои гузашта ҳукумати Амрико 128 миллион були нафт ба захираҳои стратегии худ илова карда то нархи бензинро ба камтар аз чаҳор доллар дар як галлон паст кунад, аммо натиҷабахш набудааст. Нархи як галлон пеш аз оғози ҷанг камтар аз се доллар буд ва то кушодашавии Гулӯгоҳи Ҳурмуз ба шароити пеш аз ҷанг ҳаргиз барнамегардад.
Ширкатҳои нафти дохилӣ дар Амрико низ нархҳоро дар асоси нархҳои ҷаҳонӣ ва на талабу пешниҳоди дохилӣ, муайян мекунанд. Ба маънии он ки нархҳо метавонад 60 фоиз бештар аз он чизе ки бояд бошад, афзоиш ёбад.
Афзоиши нархҳо дар канори наздик шудани интихоботи миёнамуддати Конгресс табдил ба пошнаи Ахилли раҳбарии Трамп дар ҷанг бо Эрон шудааст. Ин шароит имконоти ӯро маҳдуд мекунад.
Your Comment