Ба гузориши агентсии хабарии АБНА ба нақл аз шабакаи Ал-Маядин, рӯзномаи «New York Times» эълом кард, ки арзёбиҳои нави иттилоотии Амрико нишон медиҳад, ки Эрон беш аз пеш нисбат ба қобилиятҳои худ ва маҳдудиятҳои қудрати Амрико огоҳӣ пайдо кардааст.
Ин хабар пас аз он мунташир мешавад, ки чанде пеш низ маркази таҳқиқотии амрикоии CSIS (Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байналмилалӣ) эълом кард, ки захираи мӯшакҳои радгири «Patriot PAC-3 MSE»-и Амрико аз 28 феврал то ҳоло бо коҳиши 65 фоизӣ ба тақрибан 759 адад расидааст.
Бар асоси гузориши ин маркази амрикоӣ, солона танҳо 183 адад мӯшаки радгири Patriot истеҳсол мешавад ва таҳвили онҳо низ тақрибан се солу ним вақт мегирад.
Навтарин гузориши маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байналмилалӣ инчунин нишон медиҳад, ки захираи мӯшакҳои радгири системаи THAAD низ аз 452 то 278 адад коҳиш ёфтааст.
Ин маркази таҳқиқотии амрикоӣ таъкид кард, ки барқарорсозии захираи мӯшакҳои радгири системаи THAAD ба якчанд сол вақт ниёз дорад.
Шабакаи хабарнигории NBC низ ба наздикӣ ба нақл аз манобеи давлатии Амрико ошкор кард, ки артиши ин кишвар ба сабаби холишавии зудрави захираҳои дифои ҳавоии худ, маҷбур ба татбиқи сиёсати «тири интихобӣ» дар муқобили мӯшакҳо ва паҳподҳои эронӣ шудааст.
Your Comment