29 Август 2026 - 17:03
Source: ABNA
Пелосӣ: Амрико дар ҷанг алайҳи Эрон ба ҳеҷ ҳадафи стратегӣ даст наёфт

Раиси собиқи Палатаи намояндагони Амрико эътироф кард, ки кишвари ӯ пас аз гузашти шаш моҳ ва сарфи миллиардҳо доллар дар ҷанг алайҳи Эрон ҳанӯз ба як ҳадафи стратегӣ даст наёфтааст.

Ба гузориши агентҳои хабарии «Абна», Нэнси Пелосӣ, раиси собиқи Палатаи намояндагони Амрико дар паёме дар X, дар баробари интиқод аз равияи ҳукумати Трамп дар ҷанг алайҳи Эрон навишт: «Акнун шаш моҳ мешавад, ки аз ҷанги ғайриқонунии Трамп алайҳи Эрон мегузарад - хатои фоҷеабор, ки ҷони 19 сарбозро гирифта ва беш аз 750 захмӣ бар ҷой гузоштааст».

Вай илова кард: «Пас аз гузашти шаш моҳ ва сарфи миллиардҳо доллар, амалиёти “Шикасти бузург” ҳанӯз ба ягон ҳадафи стратегӣ даст наёфтааст».

Пелосӣ дар ин паём бо истифода аз ибораи киноии «Шикасти бузург» таъкид кардааст, ки Трамп дар ин ҷанг ва таҷовуз алайҳи Эрон шикаст хӯрдааст.

Пеш аз ин низ Чак Шумер, раҳбари ақаллияти демократҳо дар Сенати Амрико гуфта буд: «Шаш моҳ мегузарад, ки Трамп ҷангеро алайҳи Эрон ба роҳ монд, ки нерӯҳои мусаллаҳи моро ба хатар гузошт. Шаш моҳ мегузарад, ки Трамп ҷангеро шӯълавар сохт, ки боиси афзоиши бузурги нархи сӯзишворӣ ва ноустувории ҷаҳон гардид. Ҳукумати Трамп дурӯғҳои ошкор дар бораи шикасти худ дар масъалаи Эрон нашр мекунад, дар ҳоле ки воқеият ин аст, ки Эрон пас аз шаш моҳ Тангаи Ҳурмузро таҳти назорати худ дорад».

Your Comment

You are replying to: .
captcha