Ба гузориши агентсии хабарии «Абна», «CBS News» ба нақл аз Арсенио Домингес, котиби генералии Созмони байналмилалии баҳрӣ навишт: тақрибан 6 ҳазор баҳрнавард савори 400 киштӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз саргардон ҳастанд.
Вай афзуд: ҷанг то ҳол нооромиҳои бузургеро дар занҷирҳои таъминотии ҳаётан муҳим эҷод мекунад.
Котиби генералии Созмони байналмилалии баҳрӣ дар бораи оқибатҳои ҷаҳонии нооромӣ дар занҷирҳои таъминот дар сурати идомаи вазъи кунунӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳушдор дод.
Бо вуҷуди он ки котиби генералии Созмони байналмилалии баҳрӣ ва масъулони дигари ниҳодҳои ихтисосии баҳрӣ эътироф мекунанд, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз баста аст, Доналд Трамп, президенти Амрико, фикр мекунад, ки бо фиристодани паём дар фазои маҷозӣ ва эълони боз будани ин гулӯгоҳ, метавонад онро боз кунад.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, имрӯз дар посух ба паёмҳои Трамп дар бораи боз будани гулӯгоҳи Ҳурмуз гуфт: гулӯгоҳи Ҳурмуз то пеш аз таҷовузи Амрико ва Исроил бар зидди Эрон комилан боз буд ва дар бораи гузоштани андоз барои гузар аз ин роҳи обӣ то он вақте ки Амрико ва Исроил саргузаштҳоро оғоз накарда буданд, сухане миён набуд.
Your Comment