28 Август 2026 - 23:26
Source: ABNA
Таҳримҳои нави Вазорати хазинадории Амрико бар зидди Эрон

Вазорати хазинадории давлати террористии Амрико дар изҳороти расмӣ эълом кард, ки маҷмӯе аз таҳримҳои навро бар зидди Эрон аъмол кардааст.

Ба гузориши агентсии хабарии «Абна» ба нақл аз «Ал-Ҷазира», Вазорати хазинадории давлати террористии Амрико дар изҳороти расмӣ эълом кард, ки маҷмӯе аз таҳримҳои навро бар зидди Эрон аъмол кардааст.

Дар изҳороти Вазорати хазинадории Амрико даъво шудааст: мо шабакаҳо, миёнҷиён ва каналҳоеро, ки Эрон барои қочоқи нафт ва давра задан ба таҳримҳо истифода мекунад, шиносоӣ кардаем. Мо бо ҳамкории созмонҳои давлатӣ ва иттифоқчиёнамон, ҳар гуна манбаи даромади ғайриқонунии низоми Эронро ҳадаф қарор медиҳем.

Вазорати хазинадории давлати террористии Амрико дар канори ҳушдор дар бораи ҳар гуна тиҷорат бо Эрон ва васеъ кардани амалҳо бар зидди ниҳодҳо ва тарафҳое, ки бо Теҳрон муошират кунанд, даъво кард: мо таъҳид мекунем, ки тамоми рагҳои иқтисодии боқимондаи Теҳронро бурем ва як бор барои ҳама ба таҳдиди низоми Эрон поён диҳем. Эрон аз шабакаҳои бонкии соя барои пулшӯӣ, харидани силоҳ ва маблағгузории нерӯҳои ниёбатии худ дар минтақа истифода мекунад.

Инчунин, давлати террористии Амрико дар ростои идомаи сиёсатҳои зиддиэронии худ, таҳримҳои марбут ба Эронро бар зидди як шахс ва як ширкати дигар низ аъмол кард.

Ин вазорат аз таҳрими як шахс бо даъвои робита бо Бонки миллии Эрон ва таҳрими дигаре бар зидди як ширкати мустақар дар Ҳонгконг хабар дод.

Ин амал яке аз нахустин қадамҳои давлати Трамп дар иҷрои таҳдиди худи барои фишори иқтисодӣ бар Теҳрон мебошад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha