25 Август 2026 - 22:28
Source: ABNA
Генерал-лейтенант Резаӣ: Амрико дар ояндаи минтақа ҷойгоҳе надорад

Котиби Шӯрои Олии Амнияти Миллӣ гуфт, ки кишварҳои минтақа худашон дар бораи ояндаи худ қарор қабул мекунанд ва Амрико дар ояндаи минтақа ҷойгоҳе нахоҳад дошт.

Ба гузориши агентӣи хабарии «Абна», Муҳсин Резаӣ дар дидор бо Фоиз Зайдон, раиси Шӯрои Олии Қазоии Ироқ изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳони Ироқи мустақил ва қавӣ аст.

Вай афзуд, ки кишварҳои минтақа худашон дар бораи ояндаи худ қарор қабул мекунанд ва Амрико дар ояндаи минтақа ҷойгоҳе нахоҳад дошт.

Котиби Шӯрои Олии Амнияти Миллӣ баён кард, ки бояд вазъи гурӯҳҳои зиддиэронии мустақар дар марзҳои ду кишвар муайян карда шавад.

Фоиз Зайдон, раиси Шӯрои Олии Қазоии Ироқ низ афзуд: «Мо аз дастгириҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон сипосгузорем. Саломоти мақомоти ироқиро ба ҳузури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ мерасонем ва ёду хотири шаҳидон Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдӣ ал-Муҳандисро гиромӣ медорем».

Вай гуфт: «Мо ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва зарурати таъмини амният дар марзҳои муштараки ду кишвар таъкид мекунем».

Your Comment

You are replying to: .
captcha