Ба гузориши агентҳои хабаррасонии «Абна», «Си-Эн-Эн» ба нақл аз манобеи огоҳ хабар дод, ки Доналд Трамп, президенти Амрико, ба фиристодагони сатҳи болии худ дастур додааст, ки гуфтугӯҳои худ бо Эронро қатъ кунанд.
Си-Эн-Эн бо истинод ба изҳороти як мақоми амрикоӣ эълон кард, ки Доналд Трамп аз фиристодагони сатҳи болии худ хостааст, ки музокираҳои худ бо Теҳронро қатъ кунанд.
Си-Эн-Эн ба нақл аз манобеъ илова кард: Мақомоти амрикоӣ ба иттифоқчиёни худ иттилоъ додаанд, ки дар ҳоли тағйири стратегияи худ ҳастанд ва қасд доранд, ки раванди «хаффа кардани тадриҷии» Эронро дар пеш гиранд.
Ин шабака инчунин ба нақл аз мақомоти амрикоӣ хабар дод: Трамп аз омода набудани Теҳрон ба посухгӯӣ ба хостаҳояш ноқобил аст ва мехоҳад, то замоне интизор шавад, ки роҳбарони Эрон омодагии нав барои бастани созишномае, ки ӯ дар пайи он аст, нишон диҳанд.
Мақомоти амрикоӣ инчунин таъкид карданд: Интизор меравад, ки ба зудӣ таҳримҳои хеле сахт ва душвор бар зидди Эрон амалӣ шаванд.
Your Comment