Ба гузориши хабарии «Меҳр» ба нақл аз Алҷазира, Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) эътироф кард, ки дирӯз дар Урдун дар муқобили ҳамлаҳои Эрон, 2 нерӯи низомии Амрико кушта шуданд.
Дар баёнияи содира аз ҷониби Фармондеҳии марказии артиши Амрико дар ин хусус илова шудааст: як низомии амрикоӣ дар Урдун ҳанӯз гумшуда мебошад. 4 низомии амрикоӣ ба беморхонаҳои Урдун интиқол дода шуда, сипас меросанд.
СЕНТКОМ илова кард: дигар нерӯҳо дар вақти ҳамлаи Эрон дар Урдун ба захмҳои сатҳӣ гирифтор шуда, ба ҷои хидмати худ баргаштанд.
Ин дар ҳолест, ки ба эътирофи расонаҳои ҷамъиятии ҷаҳон, Фармондеҳии марказии артиши террористии Амрико омори воқеии талафоти низомиёни ин кишварро дар вақти ҳамлаҳои интиқомӣи Эрон зери мамнуияти махсус қарор медиҳад.
Your Comment