13 Июл 2026 - 09:57
Source: ABNA
Байёнияи Ҳизбуллоҳ дар паи даргузашти амири пешини Қатар

Ҳизбуллоҳи Лубнон ба марги амири пешини Қатар, ки рӯзи гузашта даргузашт, вокуниш нишон дод.

Ба гузориши агентсии хабаргузории «Абна» ба нақл аз «Ал-Маядин», Ҳизбуллоҳи Лубнон дирӯз ба даргузашти Ҳамад бин Халифа Ол Сонӣ, амири пешини Қатар таслият гуфт ва ба мавзеъҳои ӯ дар дастгирии Лубнон, мардум ва муқовимати ин кишвар дар давраҳои гуногун, инчунин сафари ӯ ба зоҳияи ҷанубии Байрут ва шаҳри Бинти Ҷабил ишора кард.

Дар байёнияи содирашуда аз ҷониби Ҳизбуллоҳ омадааст: «Амири фавтидаи Қатар нақши барҷастае дар дастгирии Лубнон ва истодан дар канори мардуми ин кишвар дар гузаргоҳҳои сахт, хусусан дастгирии нерӯҳои муқовимат дар рафти таҷовузи режими сиёнистӣ дар соли 2006 бозид. Вай инчунин барои бозсозии деҳаҳои вайроншуда кӯмакҳои хайриявӣ пешниҳод кард.»

Ҳизбуллоҳи Лубнон аз мавзеъҳои амири фавтидаи Қатар дар дастгирии масъалаҳои муҳими кишварҳои араб ва исломӣ ва дар сари онҳо масъалаи Фаластин ва ҳуқуқи мардуми Фаластин дар баробари ишғолгарони сиёнистӣ сипосгузорӣ кард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha