7 Июл 2026 - 19:12
Source: ABNA
Пешвои шаҳиди Эрон илҳомбахши стратегияи муқовимат буд / Амрико ҳеҷ гоҳ наметавонад миллати Эронро шиканад

Олег Рой, нависандаи маъруфи рус ва муаллифи беш аз 140 китоб, бо ситоиши шахсият ва андешаи Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, пешвои шаҳиди Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъкид кард, ки гарчанде эшон имрӯз дар миёни мо нестанд, аммо роҳаш идома хоҳад ёфт ва пешвои фақиди Эрон, илҳомбахши стратегияи муқовимат буд.

Ба гузориши агентсии байналмилалии хабарии Аҳли Байт (Абна) — Олег Рой, нависандаи маъруфи рус, ки пештар беш аз 140 китоб, аз ҷумла китобе дар бораи сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ навиштааст, ба ситоиши шахсият ва андешаи Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, пешвои шаҳиди Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохт.

Вай илова кард: Акнун дар ҳоли баррасӣ ҳастам, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳангоми кор дар китоб дар бораи сардор Сулаймонӣ доштам, дубора ҷамъоварӣ кунам ва идомаи онро дар бораи Оятуллоҳ Хоманаӣ бинависам, ҳамон пешво, ки асос ва илҳомбахши зиндагии Қосим Сулаймонӣ буд ва худаш чанд марҳила пештар аз дигарон меандешид ва стратеги бузург буд.

Ин фаъоли иҷтимоӣ ва офаринандаи маҷмӯаҳои аниматсионии пурмухлиси Русия, бо ишора ба ҳамкории худ дар лоиҳаи аниматсионӣ дар Эрон гуфт: Мебинам, ки ҷавонони эронӣ таслим нашудаанд; онҳо дар осори худ, ҷангро намекашанд, балки сулҳ, офтоб ва шахсиятҳои хандонро тасвир мекунанд ва ин мавзӯъ, бисёр арзишманд аст. Пешвои шаҳиди Эрон маҳз кишварро ба ҳамин сӯ ҳидоят мекард. Дуруст аст, ки эшон дигар дар миён нест, аммо роҳаш боқӣ монда ва идома хоҳад ёфт.

«Рой» тазаккур дод: Амрико, ё ягон кишвари дигар, ҳеҷ гоҳ наметавонанд миллати бузурги Эронро шикананд. Эрон бо таърихи ҳазорсолааш ҳамеша барои амрикоиҳо, рамзи муқовимат ва истодагӣ хоҳад буд; Эрон ҳеҷ гоҳ зону намезанад.

Ин нависандаи соҳиби беш аз 90 роман барои калонсолон ва беш аз 250 китоби кӯдакон ва наврасони Русия, ёдовар шуд: Имрӯз, давлати комилан дурӯғгӯи Амрико ба раҳбарии Доналд Трамп достонҳои гуногун дар бораи Эрон месозад; онҳо одат кардаанд дурӯғ гӯянд ва ҳар коре мекунанд, то ин дурӯғҳоро тавре пешкаш кунанд, ки баҳонае барои таҷовуз ва тавҷеҳи ҳадафҳояшон бошад.

Вай дар идома бо ишора ба дурӯғгӯиҳои доимии Трамп, гуфт: Имрӯз Трамп раиси ҷумҳури Амрико ба таври доимӣ, суханонашро тағйир медиҳад ва пеши камера дурӯғ мегӯяд, ба тавре ки инсон аз ин вазъият хиҷолат мекунад. Ман ҳамчун як нависанда, вақте суханони ӯро мешунавам, пахши онро қатъ мекунам, чун аз ин ҳаҷми дурӯғгӯӣ шарм мезанам.

Ин нависандаи рус бо таъкид бар он, ки ҳисоботи Амрико ва режими Исроил дар бораи Эрон иштибоҳ буд, тазаккур дод: Эрониён мардуме нестанд, ки ба хостаҳои таҷовузкорон таслим шаванд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha