Ба гузориши агентии хабаргузории «Абна», телевизиони режими сиёнистӣ хабар дод, ки Доналд Трамп, президенти Амрико на танҳо дар Лубнон, балки дар тамоми ҷабҳаҳо ҳаракатҳои Исроилро маҳдуд мекунад ва ин маҳдудиятҳо бар зидди артиш ва кабинети режими сиёнистӣ дар соҳаҳои гуногун афзоиш меёбад.
Бар асоси дастури нави мақомоти сиёсӣ ба артиши режим, ҳаракатҳои низомӣ нисбат ба Байрут ва Сӯр мамнӯъ шуда ва бояд ба даруни хати зард маҳдуд карда шаванд.
Як мақоми баландпояи режими сиёнистӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи 13-и Исроил гуфт: «Паёме, ки аз амрикоиҳо дар тӯли ҳафтаҳои гузашта гирифтем, равшан аст; озодии амали бечунучаро дигар вуҷуд надорад.»
Қобили зикр аст, ки яке аз шартҳои асосии Эрон дар тавофуқ бо Амрико, боздоштани ҳамлаҳои режими сиёнистӣ бар зидди Лубнон будааст.
Your Comment