Тибқи хабаргузории «Абна» ба нақл аз Маркази иттилоотии Фаластин, дар паи ҳамлаи ҳавоии режими сиёнистӣ ба як хонаи истиқоматӣ дар «блоки 3»-и лагери Ал-Бурейҷ дар маркази қитъаи Ғазза, аксбардори шабакаи Ал-Ҷазира, Аҳмад Вашшоҳ, ба шаҳодат расид.
Тибқи эълони ин расона, дар ин ҳамла ҳадди ақал 3 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва шумораи дигаре маҷрӯҳ шуданд.
Тибқи гузоришҳои саҳроӣ, номҳои шуҳадои ин ҳамла иборатанд аз: Аҳмад Вашшоҳ, Сабоӣ Абу Ҳуссейна ва Абдурраҳмон Абу Ғарқуд.
Your Comment