21 Июн 2026 - 11:55
Source: ABNA
Шӯрои Амният нисбат ба хатари содир шудани ҷинояти васеъ дар Судон ҳушдор дод

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба хатари содир шудани ҷинояти васеъ дар Судон ҳушдор дод.

Тибқи хабаргузории «Абна» ба нақли сомонаи Созмони Милали Муттаҳид, аъзои Шӯрои Амният дар изҳороти матбуотивудашон, бо изҳори нигаронии шадид нисбат ба гузоришҳо дар бораи истиқрори васеъи нерӯҳои вокуниши зуд дар атрофи шаҳри Ал-Обейд, нисбат ба эҳтимоли оғози ҳамлаи заминӣ ба ин шаҳр ҳушдор доданд.

Аъзои Шӯрои Амният бо ишора ба хатари наздики содир шудани «ҷинояти васеъ» ва куштори дастаҷамъӣ, аз нерӯҳои вокуниши зуд хосторанд, ки ҳамлаҳои худ ба Ал-Обейдро фавран қатъ кунанд.

Дар ин изҳорот аъзои Шӯрои Амният инчунин нисбат ба идомаи хушунат дар саросари Судон, бавижа гузоришҳо дар бораи авҷгирии даргириҳо дар иёлотҳои Кордофон, изҳори нигаронии амиқ намуда, афзуданд, ки идомаи ин вазъ метавонад бӯҳрони инсонӣ ро бадтар кунад.

Шӯрои Амният аз ҳамаи тарафҳои даргир хоост, ки фавран даргириҳоро қатъ карда, аз ғайринизомиён муҳофизат кунанд.

Аъзои ин шӯро инчунин таъкид карданд, ки ҳамаи тарафҳо бояд ба уҳдадориҳои худ дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқи башардӯстона, пойбанд бошанд ва муқаррароти тавофукшуда дар «Эъломияи Ҷидда»-ро амалӣ кунанд.

Аъзои Шӯрои Амният инчунин нисбат ба гузоришҳо дар бораи ҳамлаҳои ҳавоҳои бесарнишин (дрон) -и нерӯҳои вокуниши зуд ба шаҳри Ал-Обейд ва афзоиши истифодаи ин ҳавоҳо аз ҷониби тарафҳои даргир дар дигар минтақаҳои Судон изҳори нигаронӣ карда, хостори таҳқиқ дар бораи ҳамаи мавридҳои вайронкунӣ ва ҷавобгар кардани бандагон шуданд.

Шӯрои Амният бар зарурияти таъмини дастрасии бехатар, зуд ва бе монеаи кумакҳои башардӯстона таъкид карда, аз ҳамаи тарафҳои даргир хоост, ки гузариши бехатари ғайринизомиёнро тибқи қонунҳои байналмилалӣ таъмин кунанд.

Аъзои Шӯро инчунин аз ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид хостанд, ки аз ҳар гуна дахолати хориҷӣ, ки ба авҷгирии даргирӣ ва бесуботии Судон меанҷомад, худдорӣ намуда, аз талошҳо барои расидан ба сулҳи пойдор ҳимоят кунанд.

Ин аъзо инчунин бар зарурияти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои марбут ба Шӯрои Амният, аз ҷумла Қатъномаи 2791-и соли 2025, таъкид карданд.

Шӯрои Амният дар ниҳоят бори дигар таъкид намуд, ки ӯ ҳокимият, истиқлол, ягонагӣ ва тамомияти арзии Судонро ҷиддан ҳимоят карда, ва ба ташкили ҳар гуна мақомоти ҳукуматии мувозӣ дар минтақаҳои зери назорати нерӯҳои вокуниши зуд мухолиф аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha