Ба гузориши агентии хабарии Абна ба нақл аз Ал-Маядин, шабакаи 14-уми телевизиони Исроил гузориш дод, ки ин режим бояд ба ҳамлаҳои худ алайҳи Лубнон идома диҳад.
Дар ин гузориш омадааст, ки Исроил бояд дар сояи идомаи ҳамлаҳои худ алайҳи Лубнон созишеро, ки эрониҳо муваффақ ба гирифтани он аз Доналд Трамп, президенти ИМА шудаанд, ноком гузорад.
Шабакаи 12-уми телевизиони Исроил низ пештар гузориш дод, ки Тел-Авив аз Вашингтон ҷузъиёти созишро дархост карда, аммо ИМА бо ин масъала мухолифат кардааст.
Мувофиқи даъвои ин шабака, ин маънои онро дорад, ки Тел-Авив бо вуҷуди наздик шудан ба санаи имзо, аз нусхаи пурра ва ниҳоии ин ёддошти тафоҳум беиттилоъ аст.
Your Comment