17 Июн 2026 - 11:52
Source: ABNA
Ривояти Блумберг аз ҷузъиёти пешнависи тафоҳуми эҳтимолии Теҳрон ва Вашингтон

Блумберг дар гузориши худ ба баъзе ҷузъиёти ёддошти тафоҳуми эҳтимолӣ миёни Теҳрон ва Вашингтон ишора кардааст.

Ба гузориши агентии хабарии Абна, Блумберг дар гузорише бо ишора ба матни ёддошти тафоҳум миёни Теҳрон ва Вашингтон навиштааст: мувофиқи ин санад, Эрон ва ИМА дар якҷоягӣ бо иттифоқчиёни худ ба анҷоми фаврӣ ва ниҳоии ҷанг дар тамоми ҷабҳаҳо эълон хоҳанд кард.

Дар ин гузориш омадааст, ки тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки аз ҳар гуна амали душманона ва таҳдид худдорӣ кунанд ва барои расидан ба созиши ниҳоӣ, дар муддати ҳадди аксар 60 рӯз — бо имкони тамдиди ин муддат — гуфтушунидҳоро ба натиҷа расонанд.

Блумберг инчунин навиштааст, ки ИМА фавран пас аз имзои ёддошти тафоҳум, муҳосираи баҳрӣ алайҳи Эронро рафъ хоҳад кард ва уҳдадор мешавад, ки нерӯҳои худро дар муддати 30 рӯз аз санаи созиши ниҳоӣ берун барад.

Мувофиқи ин гузориш, Эрон низ уҳдадор мешавад, ки дар муддати 30 рӯз ҳаракати киштиҳоро бо дар назар гирифтани зарурати рафъи монеаҳо аз сар гирад.

Инчунин Вашингтон эълом кардааст, ки бо ҳамкории шарикони минтақавии худ, дар барқарорсозӣ ва рушди иқтисодии Эрон ширкат хоҳад кард.

Ин гузориш меафзояд, ки ИМА инчунин уҳдадор шудааст, ки таҳримҳои Эронро мувофиқи ҷадвали замонии мувофиқашуда лағв кунад.

Дар муқобил, Эрон бори дигар таъкид кардааст, ки ҳаргиз ба ҷустуҷӯи истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ нахоҳад рафт.

Блумберг дар идома навиштааст, ки Теҳрон ва Вашингтон дар бораи сарнавишти моддаҳои ғанишуда ва дигар масъалаҳои ҳастаӣ дар қолаби созиши ниҳоӣ раъйзаниӣ хоҳанд кард ва ду тараф низ бар ҳифзи вазъи мавҷуда то замони расидан ба созиши ниҳоӣ таъкид кардаанд.

Ба гузориши Блумберг, дар бахши дигари ин ёддошти тафоҳум омадааст, ки Эрон барномаи ҳастаии кунунии худро ҳифз мекунад, бе он ки ИМА таҳримҳои нав эъмо кунад ё нерӯҳои худро тақвият бахшад.

Мувофиқи ин гузориш, Вашингтон инчунин уҳдадор мешавад, ки нафти Эрон ва хидматҳои бонкии марбут ба онро аз таҳримҳо истисно кунад ва дороиҳо ва амволи маблокшудаи Эронро озод созад.

Блумберг навиштааст, ки пас аз гирифтани таъмин дар бораи иҷрои шуморе аз бандҳои созиш, ду кишвар гуфтушунидҳои марбут ба созиши ниҳоиро оғоз хоҳанд кард ва дар ниҳоят ин созиш бо қароре лозимҷоро дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб хоҳад расид.

Your Comment

You are replying to: .
captcha