Ба гузориши мухбири «Абна» ба нақл аз «Ал-Ҷазира», Вазорати корҳои хориҷии Хитой эълом кард: «Мо аз ба даст овардани ёддошти тафоҳум байни Эрон ва Амрико бо ҳадафи хотима додан ба ҷанг истиқбол мекунем».
Ин вазорат таъкид кард: «Умедворем, ки ҳамаи тарафҳо ба гзинаи сулҳ тавассути гуфтугӯ ва музокирот содиқ бошанд».
Вазорати корҳои хориҷии Хитой илова кард: «Умедворем, ки ёддошти тафоҳум байни Вашингтон ва Теҳрон ҳамон гуна, ки ба нақша гирифта шудааст, имзо шавад. Бозкушавии гулӯгоҳи Ҳурмуз ба нафъи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ аст».
Your Comment