Ба гузориши мухбири «Абна» ба нақл аз шабакаи «Қудс», имзои созишномаи оташбас байни Эрон ва Амрико бо вокуниши гуногуни расонаҳои режими сиёнистӣ ҳамроҳ шуд.
Рӯзномаи сиёнистии «Едиот Ахронот» дар ин робита навиштааст, ки Бинёмин Нетанёҳу, сарвазири режими сиёнистӣ, интизор дошт, ки ҳамла ба Байрут ба пошхӯрии гуфтушунидҳо оварда расонад, аммо чизи рӯйдода комилан баръакс буд ва созишнома ба имзо расид.
Рони Римон, мушовири стратегии кабинети режими сиёнистӣ низ бо интиқоди ғайримустақим аз созишномаи Эрон ва Амрико гуфт, ки Исроил набояд қурбонии ин созишномаи сулҳ шавад.
Шабакаи 14-уми телевизиони режими сиёнистӣ ин созишномаро «дастоварди хеле муҳим» барои эрониён хонд ва таъкид кард, ки оташбас дар ин созишнома фаврӣ хоҳад буд, бинобар ин Исроил бояд мувофиқи ин созишнома ҳамла ба Лубнонро фавран қатъ кунад.
Рӯзномаи сиёнистии «Маарив» даъво кард, ки Нетанёҳу ба Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико гуфтааст, ки артиши режими сиёнистӣ аз Лубнон ақибнишинӣ нахоҳад кард ва Исроил худро ба иҷрои банди марбут ба Лубнон дар созишномаи байни Эрон ва Амрико муқайяд намебинад.
Рӯзномаи сиёнистии «Едиот Ахронот» низ навиштааст, ки Нетанёҳу ба Трамп эълом кардааст, ки артиши Исроил дар мавқеъҳои кунунии худ дар дохили Лубнон боқӣ хоҳад монд.
«Маарив» дар матлаби дигар ба нақл аз Нетан Эшел, аз шахсони наздики Нетанёҳу, навиштааст, ки тафоҳуме, ки Эрон ва Амрико ба имзо расонидаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ арзише надорад ва ҳеҷ кас ба ҷуз Доналд Трамп барои он арзише қоил нест.
Your Comment