Ба гузориши мухбири Абна ба нақл аз шабакаи Ал-Маядин, Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария эълом кард, ки ин кишвар худро ҳамчун макони эҳтимолӣ барои имзои тафоҳумнома миёни Амрико ва Эрон дар сурати розӣ будани ду тараф пешниҳод кардааст.
Ин вазорат илова кард: "Ҳамчун миёнҷӣ барои дастгирии кӯшишҳои анҷомдодашуда барои имзои тафоҳумнома миёни Эрон ва Амрико, ки бо ҳадафи собит кардани оташбас сурат мегирад, дар талош ҳастем."
Чанд соат пеш буд, ки агентии хаббирии амрикоии Bloomberg даъво кард, ки Амрико ва Эрон ба созишномае наздик мешаванд, ки эҳтимол ҳафтаи оянда дар Женеваи Швейтсария имзо шавад.
Агентии хаббирии Bloomberg ба нақл аз манобеъ, ки иттилоъ дошта гуфт, гузориш дод, ки Амрико ва Эрон дар ҷараёни мулоқоти гурӯҳи ҳафт (G7) дар ҳафтаи оянда ба созишномае наздик мешаванд.
Ин агентии амрикоӣ дар идомаи гузориши худ даъво кард, ки эҳтимол созишнома байни Теҳрон ва Вашингтон рӯзи якшанбеи оянда дар Женева имзо хоҳад шуд.
Bloomberg илова кард, ки созишнома байни Вашингтон ва Теҳрон асосан ба сурати ёддошти тафоҳум (меморандум) хоҳад буд, на як созишномаи ниҳоӣ.
Ин хабари даъвоӣ дар ҳолест, ки шабакаи амрикоии CBS низ гузориш дод, ки Амрико ва Эрон эҳтимол дар аввали ҳафтаи оянда як ёддошти тафоҳум имзо кунанд, ки роҳро барои музокира оид ба созишномаи дарозмуддат ҳамвор мекунад.
Мақомоти расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон то кунун даъвоҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрикоро дар бораи розӣ шудани ниҳоӣ ба созишномаи хотимаи ҷанг тасдиқ накардаанд ва эълом кардаанд, ки Теҳрон то ҳанӯз ба хулосаи ниҳоӣ дар ин бора нарасидааст.
Your Comment