8 Июн 2026 - 11:25
Source: ABNA
Яман: Ҳамлаи мушакӣ Эрон ваҳдати фронтҳоро мустаҳкам кард

Вазорати корҳои хориҷии Яман эълом кард, ки ҳамлаи мушакӣ Эрон ба Исроил ваҳдати фронтҳоро мустаҳкам кард.

Ба гузориши хадамоти иттилоотии Абна ба нақл аз Ал-Яман Нет, Вазорати корҳои хориҷии Яман дар эълонияе хабар дод, ки ҳамлаҳои мушакӣ Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ, муодилаи «ваҳдати фронтҳо»-ро мустаҳкам карда ва муодилаи «таҷовуз бидуни хароҷот»-ро, ки душмани исроилӣ дар пайи таҳмил ва ҷорӣ кардани он буд, шикастааст.

Вазорати корҳои хориҷии Яман илова кард: Меҳвари ҷиҳод, муқовимат ва Қудс дар ҳамоҳангии доимӣ барои муқобила бо ҳама гуна таҳаввулот ва рӯйдодҳои эҳтимолӣ қарор дорад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha