5 Июн 2026 - 20:18
Source: ABNA
Оташбас ё таслим? Чаро Ҳизбуллоҳ бо созиши Вашингтон мухолиф аст

Ҳизбуллоҳ ошкоро эълом кардааст, ки миёни боздошти таҷовузоти Исроил ва ояндаи силоҳи муқовимат ҳеҷ гуна иртиботеро намепазирад ва то замоне ки ишғолгариҳо ва ҳамлаҳои Исроил идома дошта бошанд, муқовимат идома хоҳад дошт.

Дар ҳоле ки Вашингтон аз дастёбии Лубнон ва режими сионистӣ ба чаҳорчӯбе барои барқарор кардани оташбас хабар медиҳад, матни мунташиршудаи ин созиш нишон медиҳад, он чи Амрико «созиши амниятӣ» меномад, бештар аз он ки роҳе барои хотима додан ба таҷовузоти Исроил бошад, кӯшише барои тағйири мувозинаи қувва дар Лубнон ва таҳаққуби ҳадафҳоест, ки Тел-Авив дар майдони набард ба даст оварда натавонист.
Даври чоруми музокирати Лубнон ва режими сионистӣ дар Вашингтон бо миёнҷигарии Амрико ба анҷом расида ва бар асоси гузоришҳо, ду тараф дар бораи нақшае барои оташбаси ҳамаҷониба ба тафоҳум расидаанд. Дар ин чаҳорчӯб, боздошти амалиёти муқовимат, хориҷ шудани нерӯҳои Ҳизбуллоҳ аз ҷануби дарёи Литонӣ, васеъ кардани истиқрори артиши Лубнон ва пешгирӣ аз ҳузури ҳар гуна нерӯи мусаллаҳи берун аз сохтори давлат аз ҷумлаи муҳимтарин бандҳои созиш унвон шудааст.
Бо вуҷуди ин, вокуниши тунди Ҳизбуллоҳ ба ин созиш нишон медиҳад, ки муқовимати Лубнон онро на як созиш барои хотима додани ҷанг, балки лоиҳаи сиёсӣ барои халъи силоҳ аз муқовимат ва фароҳам овардани заминаҳои нуфузи бештари Исроил дар Лубнон мебинад.
Созише, ки танҳо як тараф бояд имтиёз диҳад
Муҳимтарин интиқод ба созиши Вашингтон он аст, ки тақрибан ҳамаи ӯҳдадориҳо ба зиммаи Лубнон ва ба вижа Ҳизбуллоҳ гузошта шудааст, ҳол он ки ҳеҷ гуна созукори возеҳ ва ҳатмие барои боздоштани таҷовузоти Исроил пешбинӣ нашудааст.
Режими сионистӣ дар тӯли моҳҳои гузашта бориҳо оташбасҳои пешинро риоя накарда (вайрон карда), минтақаҳои гуногуни Лубнонро ҳадаф қарор дода ва амалиёти таррорӣ ва ҳамлаҳои ҳавоии худро идома додааст. Бо вуҷуди ин, дар матни мунташиршудаи созиши нав, тамаркузи асосӣ бар боздошти фаъолиятҳои муқовимат ва ақибнишинии нерӯҳои он аз Лубнони Ҷанубӣ гузошта шудааст.
Аз нигоҳи мунаққидон, ин созиш амалан ин паёмро интиқол медиҳад, ки Лубнон бояд аввала воситаҳои боздорандаи худро канор бигузорад ва сипас умедвор бошад, ки Исроил ба ӯҳдадориҳояш амал хоҳад кард – равишее ки бо таҷрибаи таърихии Лубнон дар муқобил бо режими сионистӣ ҳамхонӣ надорад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha