Ба гузориши хабарии «Абна» бо иқтибос аз «Ал-Масира», сайид Абдулмалик Бадруддини Ҳусей, роҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, ба муносибати иди саиди Ғадири Хум ва рӯзи Вилоят суханронӣ кард.
Дар ин суханронӣ омадааст: «Самимитарин табрикоту орзуҳои некӯи худро ба муносибати иди Ғадир ва рӯзи Вилоят, ин муносибати бузурги динӣ, ба мардум ва миллатамон тақдим мекунам. Мардуми азизи мо ҳамчунон ҳар сол, дар ин рӯзи муборак, рӯзи Вилоятро бо шукӯҳ дар тамоми вилоятҳои озодшуда таҷлил карданд. Иди Ғадир ва рӯзи Вилоят, аз муносибатҳои асил ва қисме аз мероси имонӣ мардуми мусалмони Яман мебошанд».
Абдулмалик Бадруддини Ҳусей афзуд: «Муносибати Ғадир ва рӯзи Вилоят барои мардуми мо тозагӣ надорад; онҳо ин муносибатҳоро дар тӯли наслҳо ва асрҳо дар чаҳорчӯби имони устувори худ таҷлил кардаанд. Мардуми мо муносибатҳои динӣ, бахусус Мавлуди Паёмбар ва дигар муносибатҳоро таҷлил мекунанд ва аз ин муносибатҳо дар ҳифзи ҳувият ва дастовардҳои муҳими он баҳра мебаранд. Мардуми мо барои фоидаҳои таълимии муносибатҳое, ки таҷлил мекунанд, арзиш қоил мешаванд ва ба онҳо аҳамият медиҳанд, зеро ин муносибатҳо ифодагари сипосгузорӣ аз неъматҳои илоҳӣ ва шинохти бузургии дини худ ҳастанд».
Ҳусей идома дод: «Ҳодисаи Ғадир аз ҳақоиқи таърихии собит ва мавриди итифоқи муаррихон ва муҳаддисон аст ва мавзӯъе шубҳанок ё мавриди тардид нест. Бузургдошти Ғадир ва Вилоят, бузургдошти як муносибати асил ва қатъӣ ва аз ҳақоиқи мусаллами таърихӣ аст. Аҳамияти Ғадир аз он ҷост ки гувоҳе бар комил шудани дин ва тамом шудани неъмати илоҳӣ аст ва қадрдонии ин неъмат, хайри дунё ва охиратро дар пай дорад. Уммат агар ба таври комил дар ин масир ҳаракат кунад, дар ҳама арсаҳои зиндагии худ аз неъмати комил баҳраманд хоҳад шуд. Аз ҷилваҳои неъмати комил, неъмати иззат, озодӣ аз вилояти тоғут, киромати инсонӣ ва дастовардҳои бисёр муҳими дигар аст».
Your Comment