25 Май 2026 - 10:57
Source: ABNA
Ҳамлаи электронӣ ба ҳавопаймои вазири дифои Англия дар марзи Русия

Ҳавопаймои вазири дифои Англия дар марзи Русия ва Эстония ҳадафи ҳамлаи электронӣ қарор гирифт.

Ба гузориши агентии хабарии «Абна», рӯзномаи Таймс ба нақл аз як манбаи низомӣ эълом кард, ки ҳавопаймои Ҷон Хилӣ, вазири дифои Англия, ҳангоми парвоз аз Эстония ба Лондон ва дар наздикии марзҳои Русия, ҳадафи халали электронӣ қарор гирифт.

Муносибатҳои Русия ва Англия аз замони оғози ҷанг дар Украина ба тирагӣ граёид. Маскав, Лондонро ба коршиканӣ ва монеъ шудан аз эҷоди сулҳ бо Киев муттаҳам мекунад.

Англия ҳамчун яке аз аъзоёни асосии НАТО дар солҳои охир, фаъолиятҳои худро дар марзи шарқии НАТО бо Русия, ба вижа дар кишварҳои Балтик афзудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha