Ба гузориши агентии хабарии «Абна» ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ шоҳиди таҷаммуъ ва роҳпаймоии ҳамбастагӣ бо Фаластин буд, ки даҳҳо фаъол ва ҳомиёни Фаластин дар он ширкат карданд.
Бар асоси ин гузориш, ширкаткунандагон дар ин таҷаммуъ хотирхоҳи боздошти ҳамлаҳои режими Исроил ба навори Ғазза шуданд ва бо паҳншавии ҷанг дар минтақа ба Эрон ва Лубнон мухолифат карданд. Онҳо ҳамчунин хотирхоҳи ба охир расидани ҳар гуна дахолати Амрико дар даргириҳои ҷорӣ дар Ховари Миёна шуданд.
Ин таҷаммуъ дар минтақаи «Гуангуамун» дар маркази Сеул баргузор шуд. Эътирозгарон плакатҳое дар маҳкумияти ҷанг алайҳи Ғазза дар даст доштанд ва шиорҳое дар дастгирии ба охир расидани амалиёти низомӣ ва боздошти кумаки низомӣ ба режими Исроил сар доданд.
Ширкаткунандагон ҳамчунин бар ҳамбастагии худ бо миллати Фаластин ва ғайринизомиёни осебдида аз авҷгирии шиддатҳои минтақавӣ таъкид карданд.
Дар ин роҳпаймоӣ, шиорҳое бо мазмуни «Ба охир расонидани ҷанг» ва «Боздошти таҷовуз ба Ғазза, Лубнон ва Эрон» бардошта шуд. Шуморае аз эътирозгарон ҳамчунин сиёсатҳои Амрикоро дар дастгирии Исроил маҳкум карданд ва ҳушдор доданд, ки идомаи авҷгирии шиддатҳо метавонад доираи даргириҳоро дар минтақа васеъ гардонад.
Your Comment