25 Май 2026 - 10:55
Source: ABNA
Садҳо ширкати исроилӣ дар остонаи вафлот (муфлисшавӣ) қарор доранд

Расонаҳои сионистӣ ба вазъи иқтисодии нообамони дар сарзаминҳои ишғолӣ иқрор шуданд.

Ба гузориши агентии хабарии «Абна» ба нақл аз «Ал-Маядин», расонаҳои сионистӣ иқрор шуданд, ки беш аз 270 пудратчӣ дар 4 моҳ ба далели кадри нокифояи коргар, афзоиши меъёри фоизӣ ва хароҷоти сохтмон муфлис шудаанд.

Дар идомаи ин гузориш омадааст, ки садҳо ширкат дар соҳаи сохтмон ба далели кадри нокифояи коргар ва афзоиши хароҷот дар остонаи муфлисшавӣ қарор доранд.

Рӯзномаи ибрии «Ҳааретс» низ гузориш дод, ки ваъдаҳои пирӯзии Нетанёҳу бо ақибнишинии қатъии Амрико ба охир расид ва Тел-Авив дар муқобили Ҳизбуллоҳ нотавон менамояд.

Пештар низ гузориш шуда буд, ки сокинон ва масъулони маҳаллӣ дар шаҳраки «Кирят Шмоне» ва дигар минтақаҳои шимоли Фаластини ишғолӣ бо изҳори хашм аз амалкарди артиши режим ва кабинети Нетанёҳу, эълом карданд, ки фармондеҳони сионистӣ дар ҷабҳаи шимол, нерӯҳои худро дар баробари Ҳизбуллоҳ танҳо гузоштаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha