20 Май 2026 - 10:43
Source: ABNA
Русия: "Даҳшатнок аст, ки касе барои бомбборон кардани таъсисоти ҳастаии Эрон ҷавобгӯ набуд"

Сүхангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кард: "Даҳшатнок аст, ки касе барои бомбборон кардани таъсисоти ҳастаии Эрон аз ҷониби Амрико ва Исроил ҷавобгӯ набуд".

Ба гузориши агентӣи хабарии АБНА ба нақл аз агентӣи хабарии Риа Новостӣ, Мария Захарова, сүхангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия имрӯз сешанбе эълом кард: "Бомбборон кардани таъсисоти ҳастаии Эрон аз ҷониби Амрико ва (рӯзими) Исроил наздик буд ба як фоҷиаи ҷаҳонӣ оварда расонад; ин даҳшатнок аст, ки касе ҷавобгӯ набуд".
Сүхангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия сипас гуфт: "Ҳамлаҳои рӯзими Киев ба инфрасохтори энергияи ҳастаии Русия бе дастгирии парасторони ғарбии ин рӯзим ғайриимкон аст. Агентии байналмилалии энергияи ҳастаӣ ба сарнагунии дрони украинӣ ҳамроҳ бо моддаи тарканда дар наздикии нерӯгоҳи Запорожие дар таърихи 16 май вокуниш нишон надод".
Мария Захарова, илова кард: "Маскав бовар дорад, ки раисии Агентии байналмилалии энергияи ҳастаӣ бояд қадамҳои мушаххас барои пешгирӣ аз паҳншавии таҳдидҳо дар заминаи бехатарии ҳастаӣ бардорад".

Your Comment

You are replying to: .
captcha