14 Май 2026 - 10:59
Source: ABNA
Ошкори сафари махфии Нетанёҳу ба Имороти Муттаҳидаи Араб дар даврони ҷанг бо Эрон

Ҳукумати режими сиёнистӣ бо паҳн кардани баёнияе аз сафари махфии Бинёмин Нетанёҳу ба Имороти Муттаҳидаи Араб ва дидор бо Муҳаммад бин Зоид дар даврони ҷанги охирин бо Эрон ва давраи оташбаси пас аз он парда бардошт.

Ба гузориши агентсии хабарии Абна ба нақл аз пойгоҳи хабарӣ «Арабӣ 21» дафтари «Бинёмин Нетанёҳу» сарвазири режими сиёнистӣ эълом кард, ки вай дар сафари махфӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб бо «Муҳаммад бин Зоид» раиси ин кишвар дидор кардааст, ки ин гуфтугӯҳо боиси кушоиши таърихӣ ва ҷаҳиши сифатӣ дар муносибатҳои ду тараф шудааст.

Шабакаи 12 телевизиони режими сиёнистӣ ошкор кард, ки ин дидор бо назардошти эҳтимоли аз сар гирифтани ҷанг бо Эрон ва инчунин ҳамлаҳое, ки Имороти Муттаҳидаи Араб дар давоми ҷанги охирин бо онҳо рӯ ба рӯ шуда буд, анҷом шудааст.

Ҳамзамон бо оташбаси Эрон ва Амрико, «Девид Зинӣ» раиси Шабак (созмони амнияти дохилии режими Исроил) низ дар сафари бесобиқа роҳии Имороти Муттаҳидаи Араб шуд.

Созмони амниятии режими сиёнистӣ ба раёсати «Амир Бараъом» директори кулли вазорати ҷанги ин режим, дар давоми омодагӣ ба ҳамлаи муштараки Тел-Авив ва Вашингтон бар зидди Эрон, дар Абузабӣ бо мақомоти вазорати мудофиаи Имороти Муттаҳидаи Араб дидор ва гуфтугӯ кард.

Ин нишастҳо бо ҳузури мақомоти олирутбаи вазорати ҷанги режими сиёнистӣ ва бо ҳадафи ҳамоҳангсозиҳои амниятӣ ва коршиноси барои омодагӣ дар ростои ҳамлаҳо бар зидди Эрон анҷом шуд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha