11 Май 2026 - 13:26
Source: ABNA
Иттиҳодияи Аврупо: Мо аз роҳи сиёсии байни Эрону Амрико ҳимоят мекунем

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бар зарурати боздоштани ҷанг дар минтақа ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз таъкид кард.

Ба гузориши агентии хабарии Абна ба нақл аз Алҷазира, Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард: "Мо аз роҳи сиёсии ҳалли бӯҳрони байни Эрону Амрико ҳимоят мекунем."

Вай илова кард: "Нигоҳҳо дар ҳоли ҳозир ба сӯи боздоштани ҷанг ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз равона шудааст."

Қобили зикр аст, ки таҷовузи Амрико ва режими сиёнии Исроил ба Эрон боиси халалдор шудани гузаштумери киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз гардид. Халалдор шудан дар ин обгузари стратегӣ боиси барҳам хӯрдани тавозун дар занҷираи таъмини сӯзишворӣ ва энергия ва ҳатто бисёре аз молҳои дигар монанди маҳсулоти петрокимиёӣ ва нуриҳои химиявӣ дар ҷаҳон шуд.

Эрон эълом кардааст, ки омода аст дар сурати расидан ба оташбаси пойдор ва анҷоми ҷанг, амнияти киштиронӣ дар тангаи Ҳурмузро бо риояи протоколҳо ва мулоҳизаҳои амниятии зарурӣ таъмин кунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha