Ба гузориши хабаргузории Абно, Сайид Аббос Арақчӣ, вазири корҳои хориҷии кишварамон, дар паёми худ ба муносибати шаҳодати Аззом ал-Ҳия, писари Халил ал-Ҳия, таъзияти худро иброз дошт.
Матни паём чунин аст:
«Басмиллаҳир роҳманир роҳим
Бародари арҷманд, ҷаноби доктор Халил ал-Ҳия, узви Шӯрои роҳбарии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин – Ҳамос
Бо таассуф ва таассури бузург, хабари шаҳодати ҷаноби Аззом ал-Ҳия, писари муҷоҳидатонро дар амали террористии режими ҷинояткори сионистӣ дар навори Ғазза дарёфтам; ин фоҷиаро ба ҷаноболӣ табрик (дар маънои таъзия) ва тасаллят пешниҳод менамоям.
Режими сионистӣ ба гумони ботили худ мепиндорад, ки бо содир кардани ин ҷиноятҳо дар муборизаи миллати бузург ва муқовимати Фаластин алайҳи ишғолгарӣ халал эҷод мекунад; ғофил аз он ки чунин амалҳо, на танҳо иродаи мардум ва роҳбарони муқовиматро заиф намекунанд, балки азми онҳоро барои идомаи роҳи муқовимат то ҳақиқати ормони озодии Фаластин ва Қудси шариф устувортар мегардонад.
Даргоҳи Худованди мутаъол раҳмат ва мағфирати васеъи илоҳиро барои он шаҳиди бузургвор ва дигар фарзандони шаҳиди ҷаноболӣ ва сабру саломатиро барои ҷаноболӣ ва оилаи муҳтарам масъалат менамоям.
Сайид Аббос Арақчӣ
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон»
Your Comment