6 Май 2026 - 13:49
Source: ABNA
Хабарнигори Уолл Стрит: Трамп мехоҳад ба ҷанг алайҳи Эрон хотима диҳад

Хабарнигори рӯзномаи амрикоии Уолл Стрит Ҷорнал эълом кард, ки раиси ҷумҳурии Амрико аз ҷанг алайҳи Эрон хаста шуда ва мехоҳад ба он хотима диҳад.

Ба гузориши агентии хабарии Абна, «Алекс Вард» хабарнигори Уолл Стрит Ҷорнал дар шабакаи X навишт: "Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, имрӯз равшан кард, ки аз ҷанги бештар хаста шудааст. 'Лоиҳаи Озодӣ' оташбасро таҳдид мекард."

Вай афзуд: "Рубио имрӯз дар нишасти хабарӣ, як ёддошти тафоҳум бо Эрон матраҳ кард, на як созишномаи воқеӣ."

Хабарнигори Уолл Стрит Ҷорнал бо баёни ин ки нишасти Трамп бо раиси ҷумҳурии Чин ҳафтаи оянда аст, афзуд: "Ҳамаи нишонаҳо ҳакӣ аз он аст, ки Трамп қасд дораст даст кашад, пирӯзиро эълом кунад ва равад ба кори худ."

Амрико дар рӯзҳои гузашта қасд дошт дар доираи нақшае ба номи 'Лоиҳаи Озодӣ', оташбас бо Эронро вайрон карда ва ба маҳрами амниятии Эрон дар тангаи Ҳурмуз таҷовуз кунад. Вокуниши нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ боиси ақибнишинии Вашингтон аз ин маҷарраҷӯӣ гардид.

Your Comment

You are replying to: .
captcha