6 Май 2026 - 13:53
Source: ABNA
Сенатори рус: Замони ҳалли дипломатии масъалаҳои Ховари Миёна фаро расидааст

Сенатори рус дар вокуниш ба ақибнишинии Амрико аз нақшаи зиддиамниятӣ дар тангаи Ҳурмуз гуфт, ки замони ҳалли дипломатии масъалаҳои Ховари Миёна фаро расидааст.

Ба гузориши агентии хабарии Абна ба нақл аз Риа Новости, Владимир Ҷабаров, сенатори рус гуфт: "Бе иштироки Русия, ки бо ҳам Эрон ва ҳам кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс муносибатҳои нек дорад, наметавон бар вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна ғалаба кард."

Вай бо баёни ин ки Амрико ба танҳоӣ қодир ба ҳалли мунозиаъ нахоҳад буд, таъкид кард, ки замони ҳалли дипломатии вазъ дар Ховари Миёна фаро расидааст.

Амрико дар рӯзҳои гузашта қасд дошт дар доираи нақшае ба номи 'Лоиҳаи Озодӣ', оташбас бо Эронро вайрон карда ва ба маҳрами амниятии Эрон дар тангаи Ҳурмуз таҷовуз кунад. Вокуниши нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ боиси ақибнишинии Вашингтон аз ин маҷарраҷӯӣ гардид.

Your Comment

You are replying to: .
captcha