Ба гузориши агентии иттилоотии Абна, Берни Сандерс, сенатори пешқадами амрикоӣ бо пахши паёме дар шабакаи иҷтимоии X, амалҳои ҷангиталабонаи президенти кишварашро ба сахтӣ интиқод кард.
Сенатори иёлати Вермонт дар ин бора навишт: Дар Амрико мо ба садҳо беморхона ва клиникаи нави беҳдоштӣ ниёз дорем. Мо ба ҳазорҳо маркази нави нигоҳубини кӯдак ниёз дорем.
Берни Сандерс сипас илова кард: Мо ба миллионҳо воҳиди нави манзилии бо нархи муносиб ниёз дорем. Мо ниёзе ба харҷ кардани 500 миллиард доллари дигар барои артиш ва ҷангҳои бепоён надорем.
Сенатори пешқадами амрикоӣ ба Трамп гуфт: Мо ба садҳо беморхона ва клиника ниёз дорем на ба ҷангҳои бепоён.
Your Comment