Ба гузориши агентии иттилоотии Абна ба нақл аз Алҷазира, Вазорати корҳои хориҷии Қатар эълом кард: Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар дар тамос бо вазири корҳои хориҷии Эрон кӯшишҳои марбут ба таҳкими сулҳро машварат кард.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Қатар омадааст: Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар дар рафти машварат бо вазири корҳои хориҷии Эрон дастгирии ҳамкориҳои миёнаравиро барои хотимаи осоиштаи бӯҳрон таъкид кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар баён кард: Сарвазир дар рафти машварат бо вазири корҳои хориҷии Эрон зарурати паёми мусбии ҳамаи тарафҳоро нисбат ба ҳамкориҳои миёнаравӣ таъкид кард. Сарвазир дар рафти ин тамос озодии киштиронӣ як принсипи устувор донист ва бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз ё истифодаи он ҳамчун аслиҳаи фишор авомили амиқтар шудани бӯҳрон арзёбӣ намуда ва зарурати риояи қонунҳои байналмилалӣ ва таваҷҷӯҳ ба манфиатҳои минтақа ва мардуми онро таъкид кард ва онро омили таҳкими амният донист.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар баён кард: Амнияти киштиронӣ рукни асосии амният ва устуворӣ аст ва набояд дар ҳеҷ шароите ба он осеб расонида шавад.
Ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Қатар ҳамла ба киштии боркаш дар обҳои ҳудудии Қатарро маҳкум карда ва онро вайдонии ошкори принсипи озодии киштиронӣ ва қонунҳои байналмилалӣ ва авҷгирии хатарнок ва раднашаванда донист.
Қобили зикр аст, ки Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар, ба таври телефонӣ гуфтугӯ карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар эълом кард: Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар дар рафти машварат бо вазири корҳои хориҷии Эрон дастгирии ҳамкориҳои миёнаравиро барои хотимаи осоиштаи бӯҳрон таъкид кардааст.
Your Comment