Ба гузориши хабарии Абна ба нақл аз Қудс, манобеи расонаӣ ба нақл аз масъулони судонӣ хабар доданд, ки паррандаҳои бесарнишини марбут ба кишвари Аморати Муттаҳидаи Араб аз мабдаи Эфиопия парвоз карда ва фурудгоҳи байналмилалии Хартум ва минтақаҳои атрофи онро ҳадаф қарор додааст.
Дар ин гузориш омадааст: Мо ҳуҷҷатҳои қатъии додгоҳӣ дар ин бора дар ихтиёр дорем, ки ин мавзӯъро собит мекунад. Судон ҳаққи қонунии худро дар посух ба ин таҷовуз маҳфуз медорад.
Қаблан низ Судон аз сиёсатҳои АМА дар қиболи кишвараш ва ба таври умумӣ минтақа интиқод карда ва дар майи соли 2025 қатъи муносибатҳои сиёсии худро бо ин кишвар эълом карда буд. Муслеҳ Нассор, мушовири сарвазири Судон эълом кард, ки АМА дар ҳоли ҳидояти хатарноктарин лоиҳаи вайронкунанда алайҳи давлат ва миллати Судон ва аз манзари васеътар алайҳи саросар минтақа аст.
Вай илова кард: АМА дар ҳоли маблағгузорӣ ва назорат бар ҷанг дар дохили Судон аст ва аз афзорҳое мисли сипоҳиёни вокуниши зуд истифода мебарад.
Нассор баён кард: АМА ба муздурон дар Судон пул медиҳад ва онҳоро аз Африқо ва дигар қитъаҳои ҷаҳон ба Судон интиқол медиҳад. Абузабӣ бо эҷоди эътилофи ошкоро бо Исроил дар ҷустуҷӯи тақсим кардани кишварҳои минтақа ва густариши доираи амалиёти сипоҳиён дар Судон, Яман ва дигар кишварҳо мебошад.
Вай тасреҳ кард: Мо шоҳиди иҷрои як лоиҳаи яҳудисозӣ дар минтақа ҳастем. АМА низ ба таври аҳмақона барои иҷрои ин лоиҳа истифода мешавад. Бар асоси ин нақша, баъзе шаҳрвандони судонӣ аз Дорфур ба Исроил интиқол дода шудаанд ва мо шоҳиди як тавтеъаи васеъ ҳастем. Ин кишвари бадсиришт ҷанг дар Судонро заминасозӣ кард ва намехоҳем дар ҳеҷ мавзӯе дар робита бо Судон ширкат дошта бошад.
Масъулони судонӣ аз дахолати душманонаи Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҳамлаҳои бесарнишин ба фурудгоҳи кишварашон хабар доданд.
Your Comment