5 Май 2026 - 14:14
Source: ABNA
Эҳтимоли афзоиши фишори Трамп ба НАТО дар сурати шикаст дар интихоботи Конгресси Амрико

Як расонаи амрикоӣ даъво кард, ки раисиҷумҳури ин кишвар дар сурати шикаст дар интихоботи моҳи ноябри Конгресс, фишор ба созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ва Аврупоро афзоиш хоҳад дод.

Ба гузориши хабарии Абна, нашрияи Политико дар гузорише навиштааст: Дар сурати шикасти ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёнамуҳлати Конгресси Амрико, Доналд Трамп раисиҷумҳури ин кишвор метавонад дастгирӣ аз Украинаро кам кунад.
Ин расонаи амрикоӣ ба нақл аз як мақоми баландпойаи Пентагон илова кард: Дар Аврупо ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки дар сурати ба даст овардани натиҷаҳои заиф аз ҷониби ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи миёнамуҳлати Амрико, Трамп метавонад фишор ба НАТО ва Аврупоро афзоиш дода ва дастгирӣ аз Украинаро ба сӯи интихоботи раёсати ҷумҳурии ояндаи Амрико беш аз пеш кам кунад.
Рӯзномаи Вашингтон Пост хабар дод, ки Қасри Сафед худро барои шикасти эҳтимолии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёнамуҳлати ояндаи Конгресс дар ноябр омода мекунад.
Дар ин гузориш ба нақл аз манобеъи расонаӣ омадааст, бахши машварати ҳуқуқии Қасри Сафед дар ҳоли баргузории ҷаласаҳои огоҳсозӣ барои масъулони дахлдор аст, то ба онҳо дар бораи назорати бештари Конгресс дар натиҷаи пирӯзии эҳтимолии демократҳо дар интихобот роҳнамоӣ кунад.
Бар асоси ин гузориш, ин эҳсос дар ҳукумати Амрико қавитар мешавад, ки вақти омодагӣ барои рӯбарӯ шудан бо бадтарин сенарияҳо фаро расидааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha