Ба гузориши хабаргузории абна ба нақли алмайедин, ҷамъияти Вифоқи Баҳрайн эълон кард, ки амали мақомоти ин кишвар муқобили 69 шаҳрванди баҳрайнӣ бо айби дастгирӣ аз Эрон нодуруст ва ғайри инсонӣ ҳисобида мешавад.
Ин ҷамъият таъкид кард, ки бекор кардани шаҳрвандӣ ва асолати ин одамон ба маънои иҷрои ҳукми қатли маънавӣ ва шаҳрвандии онҳо ва нест кардани комил онҳо аз санадҳои ҳувият аст. Ин амалҳо боиси шиддат гирифтани таҷовуз ба ҳуқуқи инсон дар Баҳрайн мегардад.
Ҷамъияти Вифоқ илова кард, ки аз зиёда аз як даҳсола пеш, Баҳрайн шаҳди шиддат гирифтани бӯҳрони сиёсӣ будааст. Мақомоти ин кишвар бояд даст аз ҳамла ба ҳуқуқи шаҳрвандии мардум бо сабабҳои гуногун бардоранд. Амалҳои бештар дар ин самт дар ниҳоят ба фурӯпошии ҷамъиятӣ ва нест шудани сулҳи дохилӣ оварда мерасонад.
Ин ҷамъият эълон кард, ки Баҳрайн ба низоми сиёсии демократикӣ дар асоси эҳтиром ба озодиҳои сиёсӣ ва адолат ниёз дорад.
Your Comment