Бар гузориши хабаргузории «Абна» бо иқтибос аз «Ал-Ҷазира», вазири корҳои хориҷии Испания дар суханони имрӯзаи худ таъкид кард: Иттиҳодияи Аврупо вазифадор аст, ки бо ҷанги якҷонибае, ки ҷанги мо нест ва мо дар он ширкат надоштем, муқобилат кунад.
Ӯ илова кард: Даргирӣ дар Ховари Миёна ба аврупоиҳое, ки дар ҳоли ҳозир шоҳди афзоиши нархи энергия ҳастанд, таъсир мерасонад.
Вазири корҳои хориҷии Испания тасреҳ кард: боқимонда кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо низ бояд ба таври муттаҳидона ҷангро, хоҳ дар Украина ва хоҳ дар Ховари Миёна, маҳкум кунанд.
Мақомоти Испания пештар низ муқобилати худро бо ҷангангезииҳои Амрико дар минтақа, хусусан мудохилаи низомӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз эълон карда буданд.
Вазири корҳои хориҷии Испания бори дигар муқобилати кишварашро бо ҷанг дар минтақа таъкид кард.
Your Comment