Тибқи гузориши хабаргузории Абна ба нақли Рия Новости, Хосе Мануэл Алварес, вазири корҳои хориҷаи Испания гуфт: «Буҳрони Ховари Миёна ҳалли ғайр аз музокира ва гуфтугӯ надорад.»
Ӯ таъкид кард: «Ҳеҷ кадом аз тарафҳои даргир барои ҳалли ин буҳрон ҳамчун бузургтарин буҳрони ҷаҳонии асри ҳозира, тавассути роҳи низомӣ қодир нестанд.»
Таҷовузи ИМА ва режими сионистӣ ба замини Эрон боиси ихтилол дар гузариши киштиҳо аз тангҳои Ҳормуз шуд. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо камбудии сӯзишворӣ, энергия, нуриҳои кимиёвӣ ва дигар маҳсулот рӯбарӯ шудаанд.
Кишварҳои гуногун дар посух ба вазъияти имрӯза, тақсимоти сӯзишвориро оғоз карда ва кормандони қисмҳои хусусӣ ва давлатиро ба кор дар хона маҷбур кардаанд.
Your Comment