Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз ТАСС, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико эълом кард, ки неруҳои вежаи Амрико дар ҷараёни ҳамла ба иқоматгоҳи Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла бо хушунат амал карданд.
Вай дар бораи эҳтимоли осеб дидани Мадуро низ гуфт: «Неруҳои мо хеле хушунатбор буданд ва ӯ кори дурусте кард, ки муқовимат накард. Ин амалиёт бо хушунат ҳамроҳ буд».
Трамп пештар низ гуфта буд, ки дар ҷараёни ин амалиёт шуморе аз муҳофизони раисиҷумҳури Венесуэла кушта шудаанд.
Коршиносон муътақиданд, ки ҳадафи Амрико аз ҳамла ба Венесуэла ва рабудани раисиҷумҳури ин кишвар, водор кардани Каракас ба таслим аст.
Кишварҳои мухталифи ҷаҳон иқдоми Вашингтонро нақзи Маншури Милали Муттаҳид эълом кардаанд. Таҳлилгарон тасаллут бар манобеи нафтии Венесуэларо ҳадафи ниҳоии Трамп аз ҳамла ба ин кишвар медонанд.
Your Comment