Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, Пйер де Вилйер, раиси собиқи Ситоди муштараки артиши Фаронса, гуфт: «Возеҳ аст, ки Украина қодир ба пирӯзии низомӣ бар Русия нест».
Вай таъкид кард, ки ба ҳамин далел тарафҳои ҷанги Украина бояд ба самти сулҳи одилона ҳаракат кунанд ва ихтилофоти сарзаминиро аз тариқи гуфтугӯ ҳаллу фасл намоянд. Раиси собиқи Ситоди артиши Фаронса дар айни ҳол, додани кафолатҳои кофӣ ба Украина барои ҷилавгирӣ аз шурӯи дубораи даргириҳоро зарурӣ донист.
Де Вилйер афзуд: «Умедворам музокироти сулҳи Украина ба натиҷа бирасад, зеро ҳеҷ роҳи ҳалли низомӣ барои ин даргирӣ вуҷуд надорад».
Пештар Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, таъкид карда буд, ки Маскав ба таври комил ба ҳар гуна тавофуқ дар мавриди поёни даргириҳо пойбанд хоҳад буд ва кафолатҳои амниятӣ ҳам барои Русия ва ҳам барои Украина лозим аст.
Your Comment