6 Январ 2026 - 14:15
Source: ABNA
Намояндаи Венесуэла: «Барои дифоъ аз кишвар комилан омодаем»

Намояндаи парлумони Венесуэла бар омодагии болои ин кишвар барои мувоҷеҳа бо таҷовузот ва таҳдидоти хориҷӣ таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории АБНА, Хуан Ромеро, узви Ҷамъияти миллии Венесуэла ва намояндаи парлумони ин кишвар дар гуфтугӯ бо Ал-Маёдин таъкид кард: «Мудохилаи Амрико дар Венесуэла як таҷовузи ошкор ба шумор меравад. Миллати ин кишвар омодаи дифоъ аз ҳокимияти Венесуэла дар баробари ҳар гуна таҳдиди хориҷӣ ҳастанд».

Вай афзуд: «Венесуэла дар болотарин сатҳ аз омодагӣ барои такрори мавқеъҳои таърихии худ алайҳи таҷовузоти хориҷӣ, бавижа баъд аз ҳамлаи Амрико, қарор дорад».

Ромеро тасреҳ кард: «Миллатҳои озод ҳамеша дар шикастани ҳеҷемонияи (бартариҷӯии) империяҳои бузург муваффақ будаанд. Мардуми Венесуэла дар баробари чолишҳои эҳтимолӣ муттаҳид боқӣ хоҳанд монд. Рабудани Николас Мадуро ёдовари рабудани раисиҷумҳури собиқи Гаитӣ ва истифода аз фишанги мудохила аз сӯи абарқудратҳо аст».

Вай баён дошт: «Чунин иқдомот ба манзилаи таҷовузоти ғайриқонунӣ алайҳи як кишвари дорои ҳокимияти мустақил аст. Мадуро пештар эълом карда буд, ки дар сурати ҳамла ба Венесуэла, аз сиёсати ҷанги мардумии тӯлонӣ бо мушорикати тамоми қишрҳои миллат истифода хоҳад шуд. Ин кишвар омода аст барои ҳимоят аз истиқлоли худ аз тамоми роҳҳои мумкин истиفода кунад».

Your Comment

You are replying to: .
captcha