Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Алҷазира, "Хоҷа Муҳаммад Осиф", вазири дифои Покистон, бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии "X", эълом кард: "Сабри мо ба поён расида ва акнун мо ба ҷанги ошкоро ворид шудаем".
Ӯ бо ёдоварӣ аз талошҳои Исломобод барои барқарор кардани субот тасреҳ кард: "Покистон тамоми талоши худро барои ҳифзи шароити муқаррарӣ, чӣ ба таври мустақим ва чӣ тавассути кишварҳои дӯст, ба кор баст, аммо бо вуҷуди талошҳои дипломатии фашурда, Толибон акнун ба намояндаи Ҳиндустон табдил шудааст".
Вазири дифои Покистон бо ишора ба хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон тасреҳ кард: "Пас аз ақибнишинии НАТО, интизор мерафт, ки Толибон бар барқарор кардани сулҳ тамаркуз кунад, аммо онҳо ба ҷои ин, Афғонистонро ба мустамликае барои Ҳиндустон табдил додаанд".
Ӯ дар поён гуфт: "Афғонистон акнун террористонеро аз саросари ҷаҳон ҷамъ оварда ва содироти терроризмро оғоз кардааст".
Осиф ҳамчунин ёдовар шуд, ки Покистон дар гузашта аз панҷ миллион шаҳрванди Афғонистон мезбонӣ карда ва имрӯз садҳо ҳазор афғон дар хоки ин кишвар "рӯзӣ мехӯранд" ва сабри Покистон акнун лабрез шудааст.
Аз сӯйи дигар "Атоуллоҳ Тарор", вазири иттилооти Покистон гуфт, ки нерӯҳои ин кишвар мавзеъҳои дифоии Толибон дар Кобул, Пактиё ва Қандаҳорро ҳадаф қарор доданд.
Ба гуфтаи ин мақоми покистонӣ, 27 мавзеи Толибон нобуд ва 9 мавзеъ низ тасарруф шуд. Ҳамчунин дар ин амалиёт 133 ҷангҷӯи Толибони афғон кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шуданд.
Вазири иттилоърасонии Покистон гуфт, ки ҳамлаҳои мутақобили Покистон ба мавзеъҳои Толибон идома дорад.
Your Comment