6 Январ 2026 - 14:15
Source: ABNA
Сенатори амрикоӣ: «Боздошти Мадуро тавассути Амрико ғайриқонунӣ аст»

Сенатори амрикоӣ аз иқдоми ғайриқонунии раисиҷумҳури ин кишвар дар рабудани Николас Мадуро интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории АБНА, Берни Сандерс, сенатори мустақили Амрико, дар гуфтугӯ бо Ал-Ҷазира таъкид кард: «Боздошти Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла, як иқдоми ғайриқонунӣ ва бар хилофи қонуни асосӣ ба шумор меравад».

Вай илова кард: «Ман хоҳони тасвиби тарҳе ҳастам, ки монеи иҷрои амалиёт алайҳи Венесуэла бидуни мувофиқати Конгресс бошад».

Лозим ба зикр аст, ки ҳамлаи низомии Амрико ба Венесуэла ва рабудани раисиҷумҳури ин кишвар, ки нақзи тамоми қонунҳои байналмилалӣ ба шумор меравад, мавҷи вокунишҳои манфиро дар кишварҳои ҷаҳон ба дунбол доштааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha