Бино ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз ТАСС, Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, дар шабакаи Х навишт: "Владимир Зеленский талош дорад раванди ҳаллу фасли муноқишаро ба шикаст бикашонад. Ӯ ҷанг мехоҳад. Аз ин пас, ӯ маҷбур хоҳад буд то поёни умри беарзиши худ пинҳон шавад."
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи душанбе эълом кард, ки Украина бо истифода аз 91 паҳпод ба иқоматгоҳи Владимир Путин дар минтақаи Новгород ҳамлаи террористӣ анҷом додааст. Мария Захарова таъкид кард, ки ин иқдом бепосух нахоҳад монд. Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки пас аз дидори Зеленский бо Трамп умедҳо ба сулҳ бештар шуда буд. Бархе мақомоти рус Лондонро низ дар ин ҳамла муқассир медонанд.
Your Comment