22 Декабр 2025 - 14:53
Source: ABNA
Коршиноси ироқӣ: Амрико наметавонад нерӯҳои Ҳашд-уш-шаъбиро манҳал кунад

Коршиноси умури сиёсии Ироқ аз мудохилаҳои Амрико дар умури дохилии ин кишвар, бавижа талош барои пароканда (манҳал) кардани нерӯҳои Ҳашд-уш-шаъбӣ интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз «Ал-Маълума», Муҳаммад аз-Зорӣ, коршиноси умури сиёсии Ироқ таъкид кард, ки Амрико наметавонад нерӯҳои Ҳашд-уш-шаъбиро дар ин кишвар манҳал кунад, зеро ин нерӯҳо бахше аз ниҳоди низомӣ ва амниятии расмии Ироқ ҳастанд.

Вай илова кард: «Мудохилаҳои Амрико дар раванди тасвиби қавонини дохилии Ироқ нанговар ва мардуд аст. Ин иқдомот ба ҷойгоҳи ниҳодҳои амниятии Ироқ латма ворид мекунад ва наметавон дар баробари онҳо сукут кард.»

Аз-Зорӣ баён кард: «Амрико аз тариқи ин иқдомот қасд дорад субот ва амнияти Ироқро ҳадаф қарор диҳад. Манҳал кардани нерӯҳои Ҳашд-уш-шаъбӣ танҳо аз ҳамон тариқе сурат мегирад, ки манҳал кардани дигар ниҳодҳои амниятӣ, монанди артиш ва пулис анҷом мешавад ва Амрико наметавонад ин нерӯҳоро манҳал кунад.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha