Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз ТАСС, Делси Родригес, муовини раиси ҷумҳур ва вазири нафти Венесуэла эълом кард, ки як нафткаши мутааллиқ ба ширкати амрикоии «Шеврон» бо маҳмулаи нафти Венесуэла озими Амрико шудааст.
Вай дар канали телеграмии худ навишт: «Киштии мутааллиқ ба ширкати амрикоии Шеврон дар чаҳорчӯби тааҳҳудоти саноати нафти мо, бо маҳмулаи нафти Венесуэла, кишварамонро ба мақсади Амрико тарк кард.»
Вазири нафти Венесуэла ҳамчунин видеое аз хуруҷи ин нафткаш аз бандарро мунташир кард.
Родригес таъкид кард, ки Венесуэла ҳамеша ба қавонини миллӣ ва байналмилалӣ эҳтиром гузошта ва ба ин масир идома хоҳад дод ва ҳеҷ кас наметавонад монеи пешрафти ин кишвар шавад.
Дар 10-уми декабр, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз раҳгирии як нафткаши таҳримшудаи ҳомили нафти Венесуэла хабар дод ва эълом кард, ки Вашингтон қасд дорад маҳмулаи нафтии онро тавқиф кунад.
Дар 20-уми декабр, Амрико тавқифи нафткаши «Senturiez»-ро, ки бо парчами Панама ва бо маҳмулае барои як тоҷири нафтии чинӣ дар ҳоли ҳаракат буд, таъйид кард. Ин киштӣ машмули таҳримҳои Амрико набуд. Ҳамчунин Блумберг дар 21-уми декабр гузориш дод, ки нафткаши «Bella 1» бо парчами Панама, ки озими Венесуэла буд, тавқиф шудааст.
Your Comment