8 Декабр 2025 - 14:17
Source: ABNA
Мубтало шудани ҳазорон низомии исроилӣ ба бемориҳои рӯҳӣ-равонӣ

Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ аз захмӣ шудани ҳазорон низомии саҳюнист ва мубтало шудани онҳо ба бемориҳои рӯҳӣ-равонӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Қудс, Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ эълом кард, ки аз замони амалиёти Тӯфони Ақсо то кунун 22 ҳазор низомии саҳюнист захмӣ шудаанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки 58 дарсад аз ин низомиён аз мушкилоти рӯҳӣ ва равонӣ ранҷ мебаранд. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки 142 низомии саҳюнист маҷбур ба истифода аз аробачаи маъюбӣ (вилчер) шудаанд. 88 нафар аз онҳо низ дучори қатъи узв (ампутатсия) шудаанд.

Радиои артиши ин режим низ эътироф кард, ки дар сояи густариши мушкилоти равонӣ дар миёни низомиёни саҳюнист, 85 ҳазор низомӣ дар бахши бозпарварӣ таҳти дармон қарор гирифтаанд.

Қаблан низ манобеи саҳюнист аз густариши худкушӣ дар миёни низомиёни саҳюнистӣ, ки дар ҷанги Ғазза ширкат кардаанд, хабар доданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha